Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп бозбинии таҳримҳои зидди Русияро мумкин дониста ва гуфтааст, баррасии ин масъала дар сурати кам кардани силоҳи ҳастаии Русия имконпазир аст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора Трамп дар мусоҳибаи васеъе бо нашрияи бритониёии The Times ва нашрияи олмонии Bild изҳори назар кардааст.

Пештар аз ин Трамп гуфта буд, ки ният надорад таҳримҳои зидди Русияро ба таври фаврӣ бекор кунад, аммо омода аст, ки ин масъаларо бо Москва баррасӣ намояд. Трамп дахолати низомии Русияро дар Сурия танқид карда, афзудааст, ин дахолат "вазъи бади гуманитарӣ"-ро ба бор овардааст.

Дар ин мусоҳиба президенти тозаинтихоби ИМА қарори боз кардани марзҳоро ба рӯи гурезаҳо, ки садри аъзами Олмон Ангела Меркел қабул карда буд, "иштибоҳи фоҷеабор" номид. Бо ин ҳол Трамп афзудааст, ки Меркелро "эҳтиром мекунад" ва ӯро "роҳбари олӣ" медонад.

Ба андешаи Доналд Трамп, буҳрони муҳоҷират "охирин қатра"-е буд, ки бритониёиҳоро водор кард, то ба ҷонибдории берун шудан аз Иттиҳоди Аврупо раъй диҳанд. Трамп гуфтааст, эҳтимол, кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Аврупо ҳам аз Бритониё пайравӣ кунанд. Ба гуфтаи Доналд Трамп, вай фаъолияти президентиашро аз эътимод бастан ба Путин ва Меркел оғоз мекунад, аммо ин эътимод мумкин аст дер давом накунад.

Таҳримҳои иқтисодӣ зидди шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия баъди ғасби Қрим ва дахолати мусаллаҳонаи Русия дар Украина ҷорӣ шуд. 14 январ президенти амалкунандаи ИМА Барак Обама таҳримҳои зидди Русияро як соли дигар тамдид кард.