Дар ИМА кӯчонидани таъҷилии аҳолӣ, ки поинтар аз сарбанди Оровилл дар қисмати шимолии штати Калифорния зиндагӣ мекунанд, эълон шудааст. Дар ин бора Лента.ру бо истинод ба Reuters хабар медиҳад.

Ҳукуматдорон аз он нигаронанд, ки обпартои бар асари зангзанӣ (эрозия) осебдида соатҳои наздик метавонад рахна шуда, ба поинравии маҷрои хеле зиёди об, ки назораташ ғайриимкон аст, боис мегардад.

Барои ба садама роҳ надодан, партоби об то 100 ҳазор фути мукааб (2,8 ҳазор метри мукааб) дар як дақиқа афзуда шудаааст. Ҳаҷми обанбор ҳудуди 4,3 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Оровилл беш аз 16,2 ҳазор нафар иқомат дошта, ба онҳо тавсия дода шудааст, ки макони зисташонро ба ҷуз самти шимол (макони ҷойгиршавии сарбанд) тарк намоянд.

Зикр мегардад, ки рӯзи 11 феврал баъди боришоти шадиди борон, об аввал тариқи обпартои эҳтиётӣ ва сипас аз болои обпартои асосӣ ҷорӣ шуда, обпартои асосӣ осеб дидааст. Имсол дар минтақаи мазкур боришоти зиёд ба вуқӯъ пайваста, сатҳи оби кӯл ба таври қобили мулоҳиза боло рафтаааст.

Сарбанди Оровилл давоми солҳои 1962-1968 сохта шуда, иншооти бузургтарини гидротехникӣ бо баландии 230 метр дар ИМА аст.