Дар шаҳри Дубай оид ба бузургмиқёстарин шоуи лазерии солинавӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Шоуи Light Up 2018 назди баландтарин иншоот дар ҷаҳон - манораҳои Бурҷ Ҳалифа доир гардид.

Дар манораҳо то фарорасии Соли нав соат гузошта шуда, сипас ба тамошобинон муддати тахминан 7 дақиқа сурату манзараҳои мусиқии лазерӣ намоиш дода шуд.

Дар шоу даҳҳо ҳазор нафар тамошобинон ҳузур доштанд. Ин бузургмиқёстарин шоуи лазерӣ ва овозӣ буд, ки дар як бино тарҳрезӣ гардида буд. Бузургии намоиш қариб 110 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод.

Рекорди пешина соли 2013 дар Гонконг сабт шуда, он замон майдони бузургии намоиш беш аз 46 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода буд.