Собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран дар шаҳри Шероз бо мувофиқати раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастгир шудааст ва ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба нашрияи "Ал-Қудс-ал-Арабӣ”, Маҳмуди Аҳмадинажод барои даъвати мардум ба эътирозҳо боздошт шудааст. Кай дастгир шудани ӯ маълум нест.

Гуфта мешавад, Аҳмадинажод рӯзи 28 декабр дар Бушаҳр мансабдорони ҳукумати Эронро ба он айбдор кардааст, ки аз мушкилоти мардум хеле дур шудаанд ва аҳволи воқеиро намедонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти расмии Эрон то ҳол хабари боздошти Маҳмуди Аҳмадинажодро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Алиризо Муҳтоҷӣ дар твиттери худ дар ин робита навиштааст, ки бо писари Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯ карда, ӯ боздошт палдарашро рад кардааст.