Вулкани Синабунг, ки дар ҷазираи Суматраи Индонезия воқеъ аст, сутуни хокистарро ба баландии 7 километр (баландии худи вулкан - 2,4 километр аз сатҳи баҳр аст) партоб кард.

Бо ин сабаб заминларзаву партоби сангҳои хурд ба деҳаҳои наздики он сурат гирифта, аз хокстари он қаламрави наздики вулканро торикӣ фаро гирифт. Аз осебдидагон алҳол маълумот дастрас нест, хабар медиҳад Медуза.