Раҳбари мухолифони Арманистон Никол Пашинян пас аз он ки порлумони ин кишвар зидди номзадии ӯ ба мақоми сарвазирӣ раъй дод, аз ҷонибдорони худ даъват кард, то тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва фурудгоҳи шаҳри Ереванро бибанданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Арманистон 1 май аз номзадии Пашинян ба мақоми сарвазирии ин кишвар ҳимоят накард. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ танҳо 45 вакил раъй дода, 55 тани дигар зид баромаданд.
Раҳбари мухолифони Арманистон шаби ҳамон рӯз дар майдони "Республика"-и Ереван суханронӣ ва аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки дубора даст ба нофармонии маданӣ бизананд.
"Аз соати 8:15 дақиқа тамоми роҳҳо баста ва корпартоии сартосарӣ эълон хоҳад шуд. Ҳамчунин фурудгоҳу роҳи оҳан низ баста мешаванд. Ҳаракати мо бидуни пирӯзӣ ба поён нахоҳад расид. Аз фардо нофармонии мадании умумӣ оғоз хоҳад шуд", - гуфт Пашинян.
Ба гуфтаи вай, пайравонаш ҳамоиши осоиштаи эътирозӣ баргузор хоҳанд кард ва аз кормандони пулис даъват кард, ки чӯбдастҳои худро гузошта, ба мардум бипайванданд.
Бар пояи қонунҳои Арманистон, агар порлумон дар ҷаласаи вижаи худ натавонад сарвазирро интихоб кунад, пас аз 7 рӯз дубора раъйгирӣ баргузор хоҳад кард. Агар дар раъйгирии дувум ҳам интихоб нашавад, порлумон пароканда ва интихоботи нави порлумонӣ эълон хоҳад шуд.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста