Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, дар як паёми дар саҳфааш дар фейсбук, эълони "Толибон" дар мавриди ғасби Панҷшерро рад кард. 

Назарӣ навишт, ки иддаои душмани мутаҷовиз дар бораи тасарруфи Панҷшер нодуруст аст.

"Неруҳои муқовимати миллӣ дар қароргоҳҳое, ки аз пеш эҷод шуда буд ҳузур доранд ва аз шаби гузашта то акнун ҷанг дар нуқоти мухталиф идома дорад. Мардуми Афғонистон мутмаин бошед, ки муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат ба нусрати Худованд идома меёбад",- итминон додааст Назарӣ.

Имрӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳаракати "Толибон" бо нашри  як хабарномаи расӣ дар шабакаҳои иҷтимоъ эълон кард, ки ин гурӯҳ Панҷшерро комилан ғасӣ кард ва фармондеҳони Ҷабҳаи Панҷшер фирор кардаанд.

Рӯзи якшанбе ва шаби душанбе дар Панҷшер  ҷангҳои шадиде давом карданд, ки гуфта мешавад паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и артиши Покистон қароргоҳҳои неруҳои муқовиматро бомбарон кардаанд.

Зиё Ориёнажод, вакили порлумони Афғонистон аз бомбаборон шудани Панҷшер аз сӯйи паҳподҳои покистонӣ дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст. 

Шабакаи "Афғонистон Интернейшнал" бо нақл аз ду манбаъааш дар Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер хабар додааст, ки дар ҷанги Панҷшер неруҳои вижаи Покистон аз сӯйи Толибон меҷанганд. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.