Толибон ҳукумати худро дар Кобул бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ эълон карданд. Бар асоси эъломия Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 55-сола роҳбари олии Толибон эълон шуд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнуд сарпарасти ҳукумати Толибон ё сарпарасти Раёсати вузаро таъин шудааст.

Мулло Ҳасан Охунд дар ҳукумати қаблии Толибон (1996) вазири умури хориҷӣ буд.

Аз таркиби ҳукумати "Толибон" дида мешавад, ки он тавре пештар иддао мешуд ҳамашумл ва  фарогир нест, танҳо аз нафарони калидии худи толибон шакл гирифтааст.

Мулло Ғанӣ Бародар  ва Мавлави Абдусалом Ҳанафӣ муовинонии Мулло Ҳасан Охунд таъин шудааанд.

Толибон вазорати кор бо занонро аз кобинаи ҳукумати Афғонистон лағв кардаанд. Бар асоси эъломияи "Толибон" вазирони дигари кобинаи онҳо ба таври зер аст. 

Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид (писари Мулло Умар, бунёдгузори ҳаракати Толибон), сарпарасти вазорати дифоъ;

Мулло Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохила;

Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷа;

Мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, сарпарасти вазорати молия;

Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти вазорати маориф;

Мулло Харйллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти вазорати фарҳанг ва иттилоот;

Қорӣ Дин Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод;

Мавлавӣ Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти вазорати Ҳаққ ва авқоф;

Мавлавӣ Абдулҳаким Шаръӣ, сарпарасти вазорати адлия;

Мулло Нуруллоҳ Нурӣ, сарпарасти вазорати сарҳадот ва қабоил;

Мулло Муҳаммадюнус Охундзода, сарпарасти вазорати вазорати инкишофи дещот;

Шайх Мущаммад Холид, сарпарасти вазорати даъват ва иршод, амри бил маъруф ва наҳи аз мункар;

Мулло Абдулманон Умарӣ, сарпарасти вазорати фавоиди омма;

Мулло Муҳаммад Исо Охунд, сарпарасти вазорати петролиум ва маъодин;

Мулло Абдуллатиф Мансур, сарпарасти вазорати обу барқ:

Мулло Ҳамидуллоҳ Охундзода, сарпарасти вазорати ҳавонавардӣ ва тронспурт;

Мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олӣ;

Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот;

Ҳаоҷӣ Халилраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати муҳоҷирин;

Мулло Абдулҳақ Васиқ, сарпарасти раёсати умумии истихборот;

Ҳоҷӣ Муҳаммад Идрис, сарпарасти Бонки миллии Афғонистон;

Мавлавӣ Аҳмадҷон Аҳмадӣ, сарпарасти идораи умур;

Мулло Муҳаммад Фозил Мазлум, муовини вазири дифоъ;

Қорӣ Фасеҳуддин, Луидристез кишвар-сардори Ситоди артиши Афғонистон;

ШерМуҳаммад Абос Истоникзай, муовини вазири умури хориҷӣ;

Мавлавӣ Нурҷалол, муовини вазири дохила;

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳангу иттиоот;

Мулло Тоҷ Мир Ҷавод, муовини нахусти раёсати умумии истихборот;

Мулло Раҳматуллоҳ Наҷиб, муовини идории раёсати умумии истихборот;

Мулло Абдулҳақ Охунд, муовини вазори дохила дар бахши мубориза бо маводи мухаддир;