Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик даъват кардааст, ки қоидаҳои ин кишварро риоят кунанд, бештар омӯзанд ва кишвари худро мусбат муаррифӣ кунанд. Ин дастур, ки дар сомонаи намояндагӣ нашр шудааст

амчунин намояндагӣ хостааст муҳоҷирон муйлаб ва риши худро тарзе тозаву озода нигоҳ доранд, ки атрофиён аз онҳо тарс надошта бошанд ва аз адо намудани намоз дар дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Россия муайян намудааст, даъват мекунад.

Аз муҳоҷирон хостаанд, ки дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, метро, боғу гулгаштҳо, осорхонаву театру кинотеатру марказҳои савдо ва бозорҳо бо садои баланд суҳбат накарда, нисбати калонсолон ва атрофиён эҳтироми хоса намоянд.

"Берун аз соатҳои корӣ, ки майли дилхушӣ доред ва мехоҳед ба сайёҳати мавзеҳҳои тамошобоб биравед, пас бояд нисбати атрофиён боэҳтиром бошед, ба сару либос, муйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Агар дар марказҳои дилхӯшӣ шароб нӯшидед ва ё хоҳиши тамоку кашидан доред пас бояд донед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидан ва истифода бурдани онҳо манъ мебошад. Ҳамзамон, пас аз шаробнӯшӣ бояд нисбати атрофиён соҳибэҳтиром бошеду ба ҳайёти орому осудаи сокинони маҳаллӣ халал ворид накунед", - омадааст дар изҳороти намонядагии Тоҷикистон дар Русия.

Дар идома тавсия дода мешавад, ки муҳоҷирон шабакаҳои иҷтимоиро самарнок истифода намуда, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намоянд.