Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҷузъиёти бештари ошкор шудани гурҳои дастаҷамъии мардум дар Панҷшерро шарҳ дод. Намояндагони сафорат ҳодисаи ошкор шудани гурҳои дастаҷамъӣ ва инфиҷори пай дар пай дар масҷидҳои Қундуз ва Қандаҳор маҳкум намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони баррасии ҷиддии ин ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ошкорои ҳуқуқи башарӣ шуданд.

Дар ҳамоише, ки имрӯз, 11 октябр дар сафорати Афғонистон дар Душанбе вобаста ба ин масъала баргузор гардид, сафири Афғонистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар, раиси ҲДТ ва вакили парлумони Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ва афғонҳои муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз қавли яке аз ҳамдеҳагонаш нақл кард, ки дар қарияе, ки ӯ таваллуд шудааст, чанд рӯз пеш “Толибон” 400 нафарро бидуни маҳкама ба қатл расонида, дар гӯрҳои дастҷамъӣ дафн карданд.

"Танҳо аз рустое, ки ман таваллуд шудаам, дар як гудол (чуқурӣ) 13 ҷавонеро, ки ноновари хонаводаи худ буданд, пайдо карданд. На силоҳ доштанд, на вориди ҷанг буданд, балки дар мазрааи худ машғули киштукори тирамоҳӣ буданд. Ин дар ҳолест, ки “Толибон” ҳар рӯз эълон мекунанд, ки авфи умумисту мо ба касе кор надорем",- гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Дар асри 21 ҷинояти башарӣ сурат мегирад

Ӯ дар идомаи суханронии худ аз фирори мағзҳо аз Афғонистон нигаронӣ намуд ва гуфт, ин аз он далолат медиҳад, ки дар сарзамини Афғонистон ба ғайр аз тарсу ҳарос, дигар чизе боқӣ намондааст.

Зоҳири Ағбар гуфт, дар асри 21 бо мавҷудияти садҳо созмони ҳукуқи башарӣ ҳанӯз ҳам ҷинояти башарӣ сурат мегирад.

"Касоне, ки иддаои исломро доранд ва худро ҳомии ислом мешуморанд, мехоҳанд бо инфиҷор дар масоҷид, куштори инсонҳои бегуноҳ ва он ҳам дар шакли дастаҷамъӣ ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки ислом ҳамин аст",- гуфт Зоҳири Ағбар.

Касе дар фикри барқарории низоми фирории Ашраф Ғанӣ нест

Ин дипломати афғон сарусадоҳо дар мавриди таъсиси ҳукумати фирории Ашраф Ғаниро аз сӯи бархе роҳбарони собиқи он рад кард ва гуфт, ки “ҳеҷ кадоми мо дар пайи эҳёи муҷаддади низоми фирории Ашраф Ғанӣ нестем”.

"Ҳар ниҳоди маданӣ, сиёсӣ ва ҳукуматие, ки ҷамъи мо кор мекунем, инҳо мустақиман дар осёби муқовиматгароёни Афғонистон мерезанд ва аз муқовимати ин кишвар дифоъ мекунанд. Муқовимат чизи нав нест, ки барои мо омӯзонанд ва бовар дорам ки ин оҳиста -оҳиста доманаш ба Ҳироту Бадахшону Бомиёну Оруздон кашонида мешавад",- изҳор дошт сафири Афғонистон.

Ӯ бо ишора ба афғонҳои муқими Тоҷикистон гуфт, як теъдоде дар Тоҷикистон зери чатри дустӣ ҳузур доранд ва ҳар кадоми онҳо масъулият доранд дар шиносоии афроде, ки мехоҳанд муқовиматро такзиб кунанд, бар осиёби “Толибон” об резанд ва бо барномаҳои шахсӣ ва ҳизбӣ вазъиятро дар байни мардуми афғон халалдор кунанд, дастбакор шаванд.

Идомаи наслкушӣ ва ташбеҳи “Толибон” ба Чингизхон

Дар идомаи ҳамоиш, вакили парлумони Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ҳаводиси рухдода дар ин кишварро наслкушӣ номида, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар дар робита ба ин масъала гӯё кур ва кар шудаанд.

Ӯ гуфт, намедонад, чӣ қадар одам бояд кушта шавад, то созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар ин кишвар наслкуширо эътироф кунанд.

Усмонзода аз сафорати Афғонистон дар Душанбе пешниҳод кард, ки ҷиноятҳои охири “Толибон” – ро (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ҳамчун далел ба СММ пешниҳод намоянд, то онҳо ба ин масъала расидагӣ кунанд.

Мавсуф амалкарди гурӯҳи “Толибон” - ро ба ҳамлаи Чингизхон ташбеҳ дод ва зикр кард, ки онҳо ба мисли ҷараёнҳои асримиёнагӣ ҳукуматро гирифтанд.

“Толибон”- ро дар Афғонистон касе интихоб накардааст. Ҳукумати имрӯза аз сӯи ду - се нафар тарафдорони як қавм ташкил шудааст, ки қобили қабул нест. Бояд ҳукумат аз рӯи қонунҳои дунявӣ ва пешрафта таъсис ёбад. Имрӯз, танҳо аз номи ислом як давлат сохта намешавад. Давлату ҳукуматро мардум ташкил ва интихоб мекунанд",- гуфт Усмонзода.

Ӯ дар идома аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳукумати таъсиснамудаи “Толибон” робита барқарор кардаанд, ки ин хилофи қавонони байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар аст.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар ду масҷид дар шаҳрҳои Қундуз ва Қандаҳори Афғонистон инфиҷор сар зад, ки дар натиҷа, садҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт. Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамла ба масҷид дар Қундузро ба уҳда гирифтааст.

Ҳамчунин, чанд рӯзи охир расонаҳо дар бораи қатлҳо ва қабристонҳои дастаҷамъӣ дар Панҷшер гузоришҳо нашр мекунанд.