Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи гузашта дар як нишасти маҷозӣ бо мақомҳои баландпояи амниятии кишварҳои узви ИДМ гуфт, ки вазъият дар Афғонистон сода нест ва ҷангҷӯёне, ки аз ҷанги Ироқ ва Сурия таҷриба доранд, фаъолона вориди Афғонистон мешаванд.
“Вазъият дар Афғонистон сода нест, инро шумо хуб медонед. Пас аз хуруҷи ниҳоии нерӯҳои амрикоӣ, қудрат ба дасти Толибон гузашт, ки қонуну қоидаҳои худро муқаррар карда истодаанд”, - хабар дода мешавад дар сомонаи kremlin.ru.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон, дар ин кишвар фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалии ДОИШ идома дошта, аз Ироқ ва Сурия ҷангҷӯёни дорои таҷрибаҳои низомӣ ба Афғонистон фаъолона ҷалб карда мешаванд.
“Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки террористон талош кунанд вазъияти кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои ИДМ-ро то густариши мустақими худ ноором кунанд”, - изҳори назар кардааст ӯ.
Путин дар ин нишасти маҷозӣ ба мақомҳои баландпояи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор додааст, ки ин тундравон кӯшиш доранд вазъиятро дар Афғонистон бесубот кунанд ва ҳатто мумкин аст густариши мустақими худро дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ озмоиш кунанд.
“Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки вазъро дар марзи Афғонистон пайваста зери назар гирифта, барои мубориза ба ҷангиён омода бошем ва барои ин ҳамоҳангсозии кори сохторҳои қудратӣ, дар ҳолати зарурӣ, гузаронидани амалиёти муштараки махсус, ки дар ин самт шумо таҷрибаи кори муваффақ доред, аз ҷумла дар доираи Маркази зиддитеррористии ИДМ зарур аст”.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои махсус ва хадамоти иктишофии кишварҳои ИДМ ҳайатҳо аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста