Ба  ҳаракати “Толибон” муяссар шуд, ки чанде аз ҳавопаймо ва чархболҳои аз ҷониби халабонҳои афғон ба кишварҳои ҳамсоя бурдашударо баргардонад.

Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews иттилоъ медиҳад, фармондеҳи неруҳои толибон дар вилояти Балх Атоулло Умарӣ изҳор доштааст, ки дар мувофиқа бо кишваре, ки аз он ном бурда намешавад, якчанд миқдор техникаи авиатсионӣ ба Афғонистон дубора баргардонида шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки баъди аз ҷониби толибон тасарруф шудани шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф бисёре аз халабон (лётчикҳо)-и афғон ҳавопаймоҳои худро ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бурданд.

Тавре Зиёулҳақ Ассим, фармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии толибон дар Балх ҳикоят кардааст, тобеъони ӯ як ҳавопайморо таъмиру коршоям кардаанд.

“Ҳавопаймо шикаста буд ва бояд барои таъмир ба Дубай фиристода мешуд... аммо муҳандисон ва мутахассисони техникии мо онро таъмир карданд”, - иброз доштааст Ассим.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон” мулло Абдул Ғанӣ Бародар аз Ӯзбекистон даъват кард, ки ҳавопаймо ва чархболҳоеро, ки халабонҳо (лётчикҳо)-и афғон пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба ин кишварҳо овардаанд, баргардонанд. Дар ин бора 1 декабр зимни гуфтушуниди як ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии намояндаи махсус Исматулло Эргашев дар Кобул бо раҳбарияти “Толибон” сухан рафт.

Зикр гардида буд, ки халабонҳои афғон 25%-и техникаи авиатсионии кишварро рабуда, ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон овардаанд. Ҳудуди 150 халабони Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дигар хизматчиёни ҳарбии Афғонистон чанде Тоҷикистон иқомат доштанд. Шаби 9 ба 10 ноябр, тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, халабонҳои афғон аз Тоҷикистон ба дигар кишвар бурда шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.