Мақомоти Узбекистон ба Укроин беш аз 34 тонна ёрии  башардӯстона фиристодаанд. Маъмурияти вилояти Закарпатеи Укроин хабар додааст, ки кумаки ҷониби Узбекистонро 8 апрел дастрас карданд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи раиси вилоят Виктор Никита, кумак иборат аз доруворӣ ва маводи ғизоӣ аст.

"Ёрии башардӯстонаро фавран ба минтақаҳои доғ мефиристем", - афзудааст маъмурияти вилояти мазкур.

Як моҳ қабл сафири Укроин дар Тошканд Микола Дорошенко хабар дода буд, ки Ӯзбекистон  ба Укроин 28 тона ёриҳои башарӣ фиристодааст, ки иборат доруворӣ, маводи ниёзи аввал ва ғайра буданд. Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор карда буд, ки кишвараш фиристодани ёриҳоро ба Ғзбекистон идома медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.