Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, рӯзи якшанбе, дар нахустини рӯзи Ид Фитр, ки аз сӯйи “Толибон” эълом шуд, дар намози ид дар Қандаҳор пушт ба мардум сухан гуфтааст. Таърихи ин хитта чунин корномае аз як муддаии зимомдорӣ ва раҳбари мазҳабии сиёсиро сабт накардааст. Дар воқеъ суханронии идии раҳбари Толибон дар таърих дар навъи худ бемонанд аст.

Бо нигоҳе ба мутуни динии таърихӣ, намунаеро наметавон ёфт, ки раҳбаре/муддаии раҳбарӣ дар қаламрави мафтуҳа (фатҳшуда)-и хеш пушт ба мардум сухан гуфта бошад. Ҳадаф аз суханронии раҳбари Толибон агар ҳузур ва нишон доданаш бо мардум бошад, мардум рӯяшро надиданд ва ошноии қаблӣ ҳам надоштанд, ки бо ҳузури ӯ бӯйи танашро истишмом кунанд ва садояшро нашнида буданд, ки бо садои ӯ иртибот барқарор кунанд.

Мардум ҳамвора бо як чеҳра ва садои ноошно ва мавҳум (абстракт) тараф будаанд ва ҳатто бо роҳандозии чунин намоиши музҳике боз ҳам бо як чеҳраи номаълум ва ҳувиятпӯшидае мувоҷеҳ шуданд.

Аз тарафи дигар, пушт ба мардум сухан гуфтан натанҳо аз гумоназаниҳои чеҳраи сояи раҳбари Толибон кам намекунад, балки ин зеҳниятро афзоиш медиҳад, ки соҳиби ин садо ва чеҳраи номаълум, мумкин чеҳраи номаълуми дигаре бошад, ки фардои таърих дар қомати фикрӣ ва шахсияти мутафовит зоҳир шавад ва он гоҳ рух ба сӯйи мардум кунад ва бигӯяд, ки раҳбарро дар хоб дида буда ва тавсияаш ин буд аст, ки барои «ҳифз низоми исломӣ» бо мардум бо рӯй гаштонда сухан бигӯяд.

Агар пайравонаш бидонанд, ки раҳбаршон дигар зинда нест, мумкин ба саломати низоми онҳо садама ворид шавад. Ҳарчанд пеш аз ин, хабари марги Ҳайбатулло Охунзода дар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар Қандаҳор дар расонаҳо мунташир шуда буд, аммо Толибон сол гузашта эълом карданд, ки раҳбаршон аз «Мадрасаи Ҳукмия»-и Қандаҳор дидан кардааст.

Рӯзномаи “8 субҳ” қаблан ба нақл аз манобеи мӯътабар гузориш дода буд, ки Ҳайбатулло Охунзода зинда нест. CNN ва Foreign Policy низ аз марги ӯ хабар дода ва гуфта буданд, ки раҳбари Толибон дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар Кветаи Покистон кушта шудааст.

Охунзода пас аз он ки Ахтар Мансур, ҷонишини Мулло Умар, дар соли 2016 дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии тайёраҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар марзи Покистон кушта шуд, ба раҳбарии гурӯҳи Толибон расид. Боре Мулло Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон, иддао кард, ки паёмбари исломро дар хоб дида буд, ки аз Толибон норозӣ аст ва мегӯяд бо мардум зулм накунед. Ин хоб мазлумияти ҳар ду охундро дар беқудратӣ ва бесалоҳиятӣ нишон медиҳад, ки зоҳиран онҳо дар курсӣ нишастаанд, аммо қудрат дар дастони дигаре ва дар ҷойи дигаре аст, ки танҳо орзуи инҳо дар хоб ба суроғшон меояд, бидуни ин ки коре анҷом дода битавонанд.

Мулло Ҳасан Охунд, нахуствазири Толибон

Муаммои пушт ба мардум сухан гуфтани Охундзода ва хобҳои мазлумонаи Охунди Арг, пешфарзҳое мабнӣ бар марги мармузи раҳбари Толибонро тақвият мебахшад.

Ин гумон тақвият шудааст, ки Охундзода низ монанди Мулло Умар то солҳо баъд аз маргш ба муносибатҳои мухталиф паём содир мекунад ва ҳатто як қадам нисбат ба Мулло Умар по фаротар менииҳад ва бо пушт бо мардум сухан мезанад, дар ҳоле, ки бар асоси гузориши расонаҳо ҳузури физикии ӯ ба чандин сол қабл бармегардад.

Касоне, ки бо зӯри найзаву туфанг бар курсии қудрат такя задаанд, фитрати қудрат ва маниши зӯр ҳукм мекунад, ки бо ғурури тамом ва фахрфурӯшии бемонанд дар ҷамъи мардум ҳузур ёбанд ва аз пирӯзӣ сухан бигӯянд, вале раҳбари Толибон хилофи аслофш (ниёгонаш) масири таърихро иваз мекунад. Ӯ нуқтаи атферо дар таърих ба вуҷуд меовард, ки дар суннати исиёсӣ ва исломӣ на танҳо шоиста нест, балки бидъате аз навъи гумроҳкунандаи он низ ба ҳисоб меравад.

Раҳбари Толибон дар қаламрави фатҳкардаи хеш баъд аз ҳашт моҳи тасаллут бар кишвар, ҳанӯз дар қомати як инсони мавҳум ва ношинохта зоҳир мешавад, дар зодгоҳи сиёсӣ ва пойгоҳи мардумиаш бо пушт роҳ меравад ва бо пушт ба мардум сухан мегӯяд. Ин кор илова бар бадгумониҳои сиёсӣ ва таҳлилу таҷзияҳои фаровон, барои бошандагони як минтақа аз тарафи соири шаҳрвандон ба як «ҷук» (латифа) низ табдил шудааст.

Истидлоли Толибон ин будааст, ки раҳбаршон шиносоӣ нашавад ва мехоҳанд ӯ ба далоили амниятӣ пинҳон бимонд. Дар сурати пазируфтани ин далел, чӣ зарурат аст, ки даст ба чунин кори нописанди бизанад?

Сода ва осуда, мисли ҳамеша як паёми савтӣ бифиристд ва ба шуури мардуме, ки барои шунидани садо ва дидани симои ӯ дар намоз ҳузур ёфтаанд, тавҳин раво надорад.

Ин кор ба рағми қазоватҳо ва бардоштҳои мутафовити сиёсӣ, навъе тавҳин ба шуури мухотабон ва пайравонаш низ ба шумор меравад. Инки чаро Толибон чунин бозӣ музҳикиро роҳ андохтаанд, розе аст, ки худ донанд ва сенариясозони Афғонистон; Аммо он чи ба мардум бар мегардад, ин аст, ки ин иқдом коре нодуруст ва ба дур аз оини ҳукмронӣ аз садри ислом то кунун шумурда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.