Алексей Резников, вазири мудофиаи Укроин хабар дод, ки дар хати ҷанг ё фронт ҳамарӯза то 100 низомии украин кушта мешавад.

"Вазъ дар хати ҷанг вазнин аст. Мо ҳамарӯза то 100 низомиро аз даст медиҳем ва 500 кас захмӣ мешавад. Кремл бо тамоми неруӣ ҳамла мекунад, дар мемонад, ба муқовимати сахт рӯ ба рӯ мешавад, талафоти калон дорад. Аммо то кунун барои пешрафт дар минтақаҳои алоҳидаи хати ҷанг неру дорад", - навишт вазир дар Фейсбук.

Резников дар идома навиштааст, ки дар ҷанги зидди Русия зиреҳпӯшҳои лаҳистонии "Краб"-ро истифода хоҳанд кард.

Укроинву Русия аз хабар додан дар бораи талафоташон дар ҷанг худдорӣ меварзанд. Вазорати мудофиаи Русия ҳанӯз дар моҳи март марги бештар аз 1,5 ҳазор низомиашро дар Укроин тасдиқ карда буд. Аз он замон то кунун ҳеч иттилои дигаре дар бора талафоти Русия дар Укроин нашр нашудааст.

Миёнаи моҳи апрел Владимир Зеленский, президенти Укроин дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода буд, ки аз оғози ҷанг аз 2500 то 3000 низомии украин кушта шудааст. Вай ҳамзамон хабар дода буд, ки то 10 ҳазор низомии дигар захмӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.