Президенти ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки дар интихоботи навбатии президентӣ, ки соли 2024 баргузор мешавад, номзадии худро ба ин мансаб ба муҳлати дуюм пешбарӣ кунад.

Ин маълумотро дар барномаи шабакаи телевизионии CNN намояндаи расмии Кохи сафед Карин Жай-Пйер тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Байден қаблан чандин бор дар бораи нияти номзадиашро гузоштан дар интихоботи соли 2024 изҳори назар кардааст.

Сухангӯи Кохи сафед маълумотро дар мақолаи қаблан нашршудаи New York Times дар бораи он ки мушкили президенти кунунии 79-сола барои давраи дуюми ба ин курсӣ пешбарӣ шуданаш синнусолаш будааст, рад кард.

Жан-Пйер илова намудааст, ки ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи маъмурияти Амрико қарор надошта, президент ба корҳои беҳбуди зиндагии аҳолии кишвараш машғул аст.

Қаблан газетаи The Hill хабар дода буд, ки Байден ба президенти пешини ИМА Барак Обама гуфтааст, ки ният дорад дар интихоботи президентии соли 2024 номзад шавад. Бо вуҷуди ин, нашрия зикр мекунад, ки ба интихоби дубораи Байден ба мансаб рейтингҳои паст монеъа шуда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.