Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон аз баргузории нишасти байнулмилалӣ оид ба масоили Афғонистон рӯзҳои 25-26 июли соли ҷорӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, конфронс дар шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайатҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳияи маҷмӯи тадбирҳо ва пешниҳодҳо оид ба бархӯрдҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба субот, амният, бозсозии пас аз ҷанг дар Афғонистон ва ҳамгироии он ба равандҳои ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардуми чандмиллатии Афғонистон ва тамоми ҷаҳон унвон шудааст.
Зикр мешавад, ки анҷумани мазкур идомаи мантиқии конфронси байнулмилалии сатҳи баланди Тошканд оид ба Афғонистон «Раванди сулҳ, ҳамкории амниятӣ ва ҳамкории минтақавӣ» (27 марти соли 2018) ва конфронси байнулмилалии сатҳи олии Тошканд «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо» (15-16 июли 2021) хоҳад буд.
Дар ҳамин росто мавриди зикр аст, ки як ҳайати муштарак аз ҳукумати Толибон, сектори хусусии таҳти раёсати Нуридддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон рӯзи 2 июл вориди Тошканд шуданд.
Гуфта мешавад, дар вохӯриву гуфтушунидҳои онҳо бо мақомоти Ӯзбекистон масоили тақвияти тиҷорат, транзит ва ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста