Расонаҳои форсизабон менависанд, рӯзи 3-юми ноябр дар пайи таркиши кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ 6 коргари афғонистонӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои расонаҳо, манобеи маҳаллӣ дар Тоҷикистон ин иттилоъро тасдиқ карда, гуфтаанд, ҳанӯз ҷасади ҳалокшудагон берун оварда нашудаанд ва корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.
Ба иттилои Tasnim News, ин шаш коргар вақти рух додани таркиш дар дохили нақб машғули кор будаанд ва ҳамаи онҳо ҳалок шудаанд.
Шахсияти ҳалокшудагон ҳанӯз расман эълон нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки панҷ нафари онҳо сокинони вилояти Дайкундӣ ва як нафар сокини ноҳияи Лал ва Сариҷангали вилояти Ғур будаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд. Талошҳои “Азия-Плюс” барои гирифтани иттилоъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ то замони нашри хабар бенатиҷа анҷомид. Маълум нест, ки ба ин расона кадом ниҳоди Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кардаанд.
Ин расона мегӯяд, садҳо шаҳрвандони ин кишвар дар конҳои ангишти Тоҷикистон ба кор машғуланд.
“Ба гуфтаи худи коргарон, шароити вазнини меҳнат ва набудани воситаҳои амниятӣ сабаби такрор шудани чунин ҳодисаҳои маргбор гардидааст”, - навиштааст хабаргузории Тасним.
Ин расона дар такя ба яке аз манбаъҳои маҳаллиаш гуфтааст, коргарони афғонистонӣ мегӯянд, “ба онҳо иҷозаи шикоят кардан ё сӯҳбат бо расонаҳоро намедиҳанд ва агар шикоят кунанд, ҷарима ва аз кишвар хориҷ мешудаанд”.
Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ, бар асари таркиш дар яке аз конҳои истихроҷи ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 8 коргар аз Афғонистон ҳалок шуданд. Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон таркиш ва кушта шудани коргаронро расман шарҳ надода буданд.





Moscow mayor advises those complaining about migrants to take a broom
Russia’s Central Bank lifts restrictions on foreign transfers
Energy limits in Tajikistan reach electric vehicles
Prosecutor asks for life sentence for killer of family in Roudaki district
Direct flights to Kish Island launched in Tajikistan: tours starting at $549
First International Suzani Festival to take place in Panjakent
Freedom Bank presents the future of banking services in Tajikistan
Tajikistan unveils program to address challenges in colleges and vocational lyceums
EBRD and EU helping to tackle energy losses in Tajikistan
Tajik judo athletes maintain top-10 positions in IJF world ranking
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста