Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирӯзии устувораш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон сидқан табрику муборакбодӣ намуда, ба ӯ комгорӣ ва фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ орзу намуд.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ масири рушди бомуваффақиятро касб кардаанд, мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои идомаи муколамаи эътимодбахшу шаффофи байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.
Дар ин зимн масъалаҳои саммити қарибулвуқӯи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе мавзӯи суҳбати сарони ду давлат қарор дошт.
Мувофиқи маълумоти ҳисобу китоби пешакӣ, Комиссияи марказии интихоботи Қазоистон то ба соати 10 шаби 9 июн Қосим-Жомарт Токаев бо касби 70% овози интихобкунандагони дар даври аввал пирӯз шуд.
В Иране прогремели взрывы. В нескольких районах работает ПВО
Сколько у Таджикистана лицензий на Олимпиаду-2024?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 апреля 2024 года
Как таджикский радиолюбитель побывал в самых отдаленных уголках планеты
«Человек-911». В память о Джахонгире Мамедове
Юлдуз Усманова стала Народным хафизом Таджикистана
Таджикистан получит от USAID $18 миллионов для развития бизнеса
Таджикистан и Узбекистан стали союзниками
Что обсудили президенты Таджикистана и Узбекистана на встрече в Душанбе?
Таджикско-Узбекская инвестиционная компания планирует реализовать 14 проектов на $135 миллионов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста