Пажуҳиши созмони таҳқиқотии ECA International собит кард, ки шаҳри Ашқободи Туркманистон гаронтарин шаҳри дунё аст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гузориши созмони мазкур омадааст, гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ пойтахти Туркманистон аст. Дар арзёбиҳои созмон Ашқобод соли гузашта дар мақоми 111 қарор дошт, аммо имсол ба мақоми 110 фаромадааст.


"Мақоми Ашқобод мумкин аст, барои баъзеҳо тааҷҷубовар бошад, аммо касоне ба ин вазъ ошно ҳастанд, ки вазъи иқтисодӣ ва мушкилоти бозори арзи Туркманистонро медонанд. Болоравии мунтазами сатҳи таваррум дар ҳамоҳангӣ бо бозори сиёҳи асъори хориҷӣ, гароншавии арзиши воридот маънои онро дорад, ки харҷи меҳмонони пойтахти Туркманистон бештар шудааст", - шарҳ додааст Стивен Килфеддер, як намояндаи созмони ECA International.

Гуфта мешавад, дар даҳгонаи шаҳрҳои гаронтарин баъд аз Ашқобод пайи ҳам Сюрих, Женева, Базел, Берн, Гонконг, Токио, Сеул, Тел-Авив ва Шанхай шомил шудаанд.