Қазоқистон парвозҳои байнулмилалиро бо як қатор кишварҳо барқарор мекунад. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба сардухтури санитарии кишвар дар нақлиёт Садвакас Байгабулов хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, рӯйхати кишварҳои дараҷаҳои якум ва дуюм, ки Қазоқистон бо онҳо хатсайрҳои байнулмилатиро барқарор мекунад, васеъ шудааст.
Ба дараҷаи якум илова шудаанд: Маҷористон (Венгрия), Ҳиндустон, Олмон, Чехия ва Малайзия. Барои мусофироне, ки аз кишварҳои дараҷаи якум меоянд, маҳдудият нест. Ба ин дараҷа қаблан чунин кишварҳо дохил буданд: Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Ҷопон ва Таиланд.
Қазоқистон ба кишварҳои дараҷаи дуюм ба ҷуз Туркия, ҳамчунин Миср, Украина, Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро илова кардааст. Лекин ин ҷо баъзе маҳдудиятҳо амал мекунанд.
“Барои мусофироне, ки аз кишварҳои дараҷаи дуюм меоянд, чунин маҳдудиятҳо амал мекунанд: агар мусофирон маълумотнома оид ба COVID-19 дошта бошанду аз замони гирифтани он то убури сарҳади давлатӣ 5 рӯз нагузашта бошад, маҳдудият нест. Агар маълумотнома набошад, ба мутахассисони нуқтаҳои карантин огоҳинома дар бораи гузаштани ташхис дар муддати 48 соат супурда мешавад ё аз вақти омадан ба фурудгоҳ карантини 14-рӯзаи хонагӣ муқаррар мешавад”, - шарҳ додааст Садвакас Байгабулов.
Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки дигар кишварҳо ба дараҷаи сеюм дохил шуда, алоқаи ҳавоӣ бо онҳо алҳол барқарор намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста