16-уми ноябр рӯзи таваллуди яке аз донишмандони саршиноси тоҷик, олиме, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дошт ва барои Тоҷикистон ифтихори ҳамешагӣ офаридааст Раҳим Масов аст. Агар ду сол пеш ӯ аз мо намебурид, имрӯз ба 81-солагӣ мерасид ва Тоҷикистон бо ҳузури ӯ ифтихор мекард, ки дар синааш ин гуна бузургворро парвардааст. Матлаби зер, ду сол пеш дар сӯги эшон иншо шуда буд ва бо баъзе иловаву тозаҳо бознашр мешавад.

Масов ва адолати илмӣ

Академик Масов аз камтарин равшанфикрони тоҷик дар поёни қарни XX ва аввали  XXI буд, ки дар қазоват ба ҳаводиси таърихӣ ва сиёсатгузориҳои рӯзгораш ҳамеша аз худ адолати илмӣ, ҷасорати шахсиятӣ ва шаҳомати ахлоқӣ нишон дод. Ин буъди шахсиятияш устодро аз дигар ҳамзамононаш, хусусан ҳамкоронаш дар Академияи улум ва донишгоҳҳо мутамойиз кард ва ҷойгоҳашро дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон бисёр муҳтарам гардонид. Ӯ яке аз ошиқони сарсахт ва талошгарони бозгардонии Самарқанду Бухоро ба тоҷикон буд, ки барои ин кор ормонгароёнаву амалгароёна мубориза кард ва дареғу дард, ки орзу ба хок бурд. Ҳато дар яке аз мусоҳибаҳош мегӯяд, ки агар имкони дидор бо яке аз қаҳрамонони таърихӣ воқеъ шавад Истолинро интихоб мекунад ва аз ӯ танҳо як чиз мепурсад: чиро Самарқанду Бухороро ба Тоҷикон надод?!

Масов дар яке аз ҷаласаҳои Академияи илмҳо
Акс: аз Тоҳирҷон Саидов

Ҷомеаи Тоҷикистон шахсияти бузурги миллиеро аз даст дод, ки бо донишмандии камназираш, бо асарҳои бузургу таърихсозаш, бо ҷасорату ҷуръати илмиву сиёсияш, бо салиқаи инфиродиву иҷтимоияш, бо дидгоҳҳо ва бинишҳои мутавофит ва ғайримутаорифаш, бо шахсияти ҷанҷолофарин ва сиёсатнописандаш арзиши бисёр бузурге дошт. Хусусан барои ин шабу рӯзи мо, ки то гулӯ дар чоплусиву лаганбардорӣ ғӯтидаем ва аксари маъниҳо бар пояи сиёсатписанд будани онҳо таъриф мешаванд, вуҷуди равшанфикрони боҷасорате мисли академик Масов ба масобаи обу ҳаво зарур аст.

Устоди фақид Раҳим Масов дар воқеъ як виҷдони бедори ҷомеа ва миллати мо, як равшанфикре ба маънои томи вожа, як таърихдону таърихнигори ҳақиқаткоре буд, ки ҳамеша талош карда буд пеши роҳи таърихсозиҳои дурӯғин гирифта шавад. Дар ин роҳ ҳатто наздик буд ҷойгоҳи иҷтимоии худро қурбон кунад ва борҳо амнияти вуҷудияшро дар хатар қарор дода буд.

Масов ва Қаҳрамони Тоҷикистон

Академисян Масов дар таърихи Тоҷикистон нахустин касе буд, ки дар замони зинда будан барои дарёфти унвони Қаҳрамони Тоҷикистон пешниҳод шуд ва боз ҳам қад алам карданаш дар баробари таърихсозиҳои дурӯғин буд, ки нагузошт устод ба унвоне, ки бешак мустаҳаққ буд сазовор шавад. Дар ҳоле, ки шоиру нависандаҳои дигарамон барои дарёфти унвони шоир ё нависандаи халқӣ тамоми муқаддасоти инфиродиву иҷтмоиву илмиву инсониро зери по мекунанду хилофи маҷрои воқеияти таърих гом мебардоранд ва олимони дигар барои ба доираҳои сиёӣ наздик шудан аз ҳеч ҳамоқате дар баробари илму андеша иҷтиноб намеварзанд, Масов бо ғурури фитрӣ ва ҷасорати фавқуллодае, ки дошт аз ин бемоягӣ шахсияти бузургашро канор мекашид ва шаҳомати ахлоқии бепешинае нишон дод.  

Масов огоҳона ва донишмандона ба мавзуъоте дар таърихи мо даст зад, ки медонист ин ҳама талош метавонанд барои худаш дарди сар биофаранд. Таълифи “Таърихи табартақсим” дар оли 1991 аз шоҳокориҳои устод буд ва бо ин кораш парда аз таърихсозиҳои дурӯғини Шӯравӣ бардошт ва фоҷиаи миллии тоҷиконро дар оғози аcри XX равшантар рӯнамойӣ кард. Баъди навиштани ин китоб бисёриҳо даъво карданд, ки Масов кори фавқулодае накард ва танҳо осори бойгониҳоро пешниҳод намуд. Вале инчуниниҳо намедонанд, ки Масов  бо навиштани “Таърихи табартақсим” ҳам ҷасорати илмиву сиёии бемонанде нишон дод ва ҳам воқеияти таърихиро риоят намуд. Масов дар замони ҳукумати Горбачуф, ҳамин ки шароити андаке барои бозбиниву бозкушоии таърих фароҳам шуд ба ин саҳфаҳои сиёҳу нангини миллат бо дидаи таҳқиқ нигарист ва аз  нахустин касоне буд, ки парда аз дасткориҳо ва муҳандисиҳо дар таърих ва фарҳанги тоҷикон бардошт. Ин ҳақиқаткории Масов барои хеле касон нафорид. Хусусан баройи онҳое, ки мехостанд аз хокистари шаҳомати миллии мо бутҳое бисозанд ва алорағми додаҳои таърих қаҳрамонсозӣ кунанд. Ин асар барои Масов шуҳрти ҷаҳонӣ овард ва ӯро барои суҳбат ба бузургтарин донишгоҳҳои олам даъват карданд. Ва яке аз асарҳое буд, ки хеле зуд ба инглисӣ тарҷумаву ҷаҳонӣ шуд.


Шоҳкориҳои дигари устод “Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан махфӣ”, “Тоҷикон: омезиш ва хуруҷ”,   ва тадқиқоти ҷомеъи “Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат” ҳамеша ҳарфи тозаву наве дар таърихнигории мо буданд. Хусусан мудирияти эшон дар нашри шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” ба забони русӣ аз хидматҳои бедареғу бепешинаеанд, ки Масов барои миллат кард. 

Масов ва Эмомалӣ Раҳмон

Масов бо доштани эҳтироми бузурге пеши раҳбарон, хусусан ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гоҳе аз ин муҳтарамии хеш истифодаи суъ накард. Балки борҳо буд ба навъе ин эҳтиромро “пушти по” зад. Хусусан замон ҷашнгирӣ аз 2700-умин соли шаҳри Кӯлоб. Дар ин шароит ҳар каси дигаре ҷойи академисян мебуд ба навъи аҳсан талош мекард то ҳама кори сиёатписандро алорағми адолат ва воқеияти таърих анҷом диҳад. Ва баъдан инчуниниҳо пайдо шуданд. Аммо Масов ин корро накард!

Хелеҳо хостанд аз ин гуна мавзеъгириҳои Масов истифода кунанд ва ӯро пеши раҳбарон сиёҳ бинмоянд. Ба ин васила хостанд ҳечбудагии хешро дар илму иҷтимоъ ҷуброн кунанд. Албатта, як миқдор ба ҳадафҳои касифи худ ҳам расиданд, аммо аз шахсияти бисёр бузурги Масов натавонистанд чизеро бикоҳанд. Алорағми ин ҳама дар 70-умин солгардаш ҷоизаи бисёр боарзишеро ҳам аз раисҷумҳур дарёфт кард.

Академик Масов бо Эмомалӣ Раҳмон
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Масов ва баҳси арзиву марзӣ бо Чин

Баҳси марзиву арзии 1100 км мураббаи хоки Тоҷикистон ба Чин аз мавзуъоти бисёр доғ барои Тоҷикистони имрӯз ва наслҳои ояндаи ин кишвар аст. Масов дар ин баҳс ҳам бономустарин фарзанди Тоҷикистон ва олимтарин олим будани худро собит кард. Бидуни тардид касе, ки дар ин баҳс мустаҳаққи қаҳрамонист Масов аст ва ҳатто барои ҳамин як ҷумлааш: “ман намехоҳам пеши насли оянда хиёнаткор бошам”. Масов  натанҳо зери санади тақдим хоки Тоҷикистон имзо нагузошт, балки ҷасоратмандона ин мавзеъгирияшро расонаӣ кард ва ихторе ҳам дод.

Мавзеъгириҳои акадмисян Масов дар баробари Карон ҳам ҷузъе аз ҳамон мавзеъгириҳояш дар баробари таърихозиҳои дурӯғин буд, на каму на зиёд. Вале шуморе ба хотири манофеи тиҷоратӣ ва қисме аз лаббайкгӯякон ба хотири манофеи шахсӣ ҳақиқати илмиро пушти по зада, ин мавқифи Масовро маҳалгаройӣ ҷилва доданд, ки як ванҷӣ намехоҳад қадомати шаҳреро дар Дарвоз эътироф кунад. Ҳатто барои ин “теурӣ”-ии худро собит кардан нӯкаронеро ҳам аз расонаҳо то ҳукумат киро карданд.

Масов ва шахсияти миллӣ

Масов худ шахсияташро сохт. Шахсиятеашро, ки ҳеч гоҳе зери бор нарафт. Шахсияте, ки имкон дод Масов барои ҳамеша устураи виқор ва пайкари шаҳомати ахлоқӣ боқӣ бимонад. Ин буд, ки ба маризиҳоие чун маҳалгаройӣ, бартариҷӯйӣ, қаҳрамонсозӣ, шахпарастӣ напечид. Албатта ба унвони як олим баъзе лағзишҳои фикрӣ ва иҷтимоӣ дошт. Аз ҷумла навъи нигоҳаш ба сиёсатгузориҳои Истолин ва мавқифаш дар баробари забони русӣ ва Русия. Вале ин мавзеъгириҳо дар баробари корҳои бузурге, ки анҷом дод бисёр хурду реза менамоянд.

Акс: аз Тоҳирҷон Саидов

Фаротар аз илму сиёсат Масов инсони бисёр эҳсонкор ва Ватандӯсти ростин буд. Обод кардани Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва рехтани сармояи инфиродияш ба кори он, фурӯхтани яке аз хонаҳояшро барои тармими ин осорхона, намунае аз эҳсонкориҳои Масов мебошанд. Ҳамчунин замоне, ки Ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод ”-ро ба даст овард, маблағи ин ҷоиза (63 ҳазор дуллори амрикоӣ)-ро барои бозсозии мактаби деҳае, ки он ҷо таваллуд шудааст, бахшид. Ин амал намуни боризи дигари соҳиби дили бузург ва иродае ношикастанӣ будани эшонро собит мекунад. Афсӯс, ки ин дили бузург дигар барои рушди ин кишвару ин миллат наметапад. Афӯс, ки академисян Масов майдонро барои таърихсозони дурӯғин холӣ гузошт. Дареғи шахияти бузургӣ миллӣ, дареғи ҷомеаи бешахсият!