Виталий Левченко, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов аз ҷониби ФФТ ба мансаби сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи кишвар таъйин гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , Левченко ҷавонони мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн доир мегардад, омода мекунад. Ба ӯ Рустам Хоҷаев, Алишер Тӯхтаев ва Амоншо Саодатсайров кумак мерасонанд.

Гуфта мешавад, Виталий Левченкои 44-сола  соҳиби таҷрибаи бойи мураббигии дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасонро доро буда, дар ин ҷода дастаҳои мунтахаби Украинаро машқ додааст ва дар иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Украина дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Зеландияи нав баргузор шудааст, кумак намуда, дастаро то бозиҳои 1/8-ниҳоӣ баровардааст.

Баъдан дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи ин кишварро соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми Аврупо дар Озарбойҷон ҳамроҳӣ кардааст.