Чемпионати имсолаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Панҷакент доир гардид, бо пирӯзии Суҳроб Ҳамдамов ва Мутриба Ҳотамӣ ба итмом расид.

Тавре ки интизорӣ мерафт, дар мусобиқа байни занон Мутриба Ҳотамӣ аз 11 холи имконпазир 11 хол касб карда, зинаи аввалро ишғол намуд.

Натиҷаи ғайриинтизор дар ин мусобиқа зинаи дуюмро ишғол намудани Сабрина Абророваи 10-сола мебошад, ки дар мактаби рақами 55-и пойтахт таҳсил мекунад. Ӯ бори аввал дар мусобиқа миёни калонсолон иштирок карда, аз 11 холи имконпазир 10 хол ба даст овард. Бо касби 8,5 хол дар зинаи сеюми мусобиқа миёни занон Сарвиноз Каримова қарор гирифт.

Дар қувваозмоиҳо миёни мардон Суҳроб Ҳамдамови соҳибтаҷриба 9 хол ба даст оварда, бори навбатӣ пирӯз дониста шуд. Зинаи дуюму сеюмро бо 8,5-холӣ Амин Қобилов ва Алишер Каримов ишғол намуданд.

Бино ба иттилои ноиби президенти Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, ба наздикӣ шоҳмотбозони тоҷик дар мусобиқаи Фестивали бозиҳои миллии Тоҷикистон дар Душанбе (7-9 сентябр) ва Бозиҳои Осиё дар биноҳои пӯшида дар Ашқобод (Туркманистон, 17-17 сентябр) иштирок мекунанд.