Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 16 октябр ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта мақоми мунтахаби футболи Тоҷикистон  17 зина боло рафта, акнун бо 255 имтиёз зинаи 123-юмро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 22-юм қарор дорад.

Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 23 ноябр ба нашр мерасад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.