Дар бозии охирини мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футболи хурд (футзал) мунтахаби футболи Тоҷикистон аз қаҳрамони амалкунандаи Осиё, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпиоанти ҷаҳон - тими Эрон бо ҳисоби 2 бар 12 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В»-и минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ дастаҳои Эрону Тоҷикистон зинаҳои 1 ва 2-юмро ишғол намуда, ба даври финалии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат гирифтанд, ки моҳи феврали соли оянда дар Тайбэйи Чин доир мегардад.

Дар бозии аввали ин гурӯҳ дастпарварони сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар вохӯрии душвор бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 4 бар 3 дастболо шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футболи хурд (футзал) дар гурӯҳи «В»-и минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзҳои 15-17 октябр дар шаҳри Табрези Эрон баргузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.