Сармурабии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев бо хоҳиши худ аз вазифаи сармурабии ин даста истеъфо дод, хабар дода мешавад дар сомонаи даста.

Пеш аз тамрини шомгоҳии даста рӯзи 22 май ӯ дар бораи ин тасмими худ хабар дод. Раҳбарияти даста хоҳиши Муҳаммадиевро қонеъ карда, ӯро аз иҷрои вазифаҳо дар ситоди мураббиёни даста озод кард.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар бозиҳои боқимондаи мавсими имсола иҷрои вазифаҳои сармурабии дастаи шаш маротиба қаҳрамони футболи Тоҷикистон ба уҳдаи Алишер Тӯхтаев вогузор мегардад.

Дар сомонаи расмии худ тими «Истиқлол» ба Муҳсин Муҳаммадиев барои фаъолияти муштарак миннатдорӣ изҳор намуда, дар фаъолияти минбаъдаи мураббигияш комёбиҳо орзу кардааст.

Муҳсин Муҳаммадиев
fc-istiklol.tj

Муҳсин Муҳаммадиев охири соли 2016 дастаро ба роҳбарӣ гирифта, то ин муддат чандин маротиба дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамалакат, Суперҷом, ду маротиба Ҷоми ФФТ пирӯз ва бо «Истиқлол» ба даври финалии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.