Сармураббии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев дар бораи ғалабаи шогирдонаш бар дастаи Эрон дар бозии аввали мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар Қатар изҳори назар кард.

“Бачаҳо ҳис карданд, ки ғолиб меоянд. Лекин хатогиҳо зиёданд. Дар бозии аввал пирӯзӣ ва се имтиёз ба даст овардан лозим  буд, аз ин рӯ, ҳаяҷону изтироб ҳис мешуд. Ман аз кӯшишу талошҳои онҳо дар майдон қаноатмандам. Муҳимаш онҳо дастурҳоро иҷро карда, хуб кор мекунанд”, - оварда шудааст гуфтаҳои сармураббӣ дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи сармураббӣ, худи бозӣ низ шавқовар сурат гирифт.

“Футболбозон иродаи матин нишон дода, ду тӯб ворид дарвозаи ҳариф намуданд. Ин ҳам аз лиҳози равонӣ хеле муҳим аст, аз ин рӯ, корро идома медиҳем. Ҳоло вақт ҳаст, бозӣ аз идеалӣ ҳоло дур аст, бинобар ин, тамрину ба пешравӣ ноил гардидан зарур мебошад. Бар ин назарам, ки аз ҳама муҳимаш ҳамаҷониба омода шудан ба бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2020 мебошад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешаванд”, - қайд кардааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии ифтитоҳи мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар варзишгоҳи Академияи «Aspire»-и пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа футболбозони тоҷик бар дастаи Эрон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон футболбози беҳтарини мавсими соли гузашта Эҳсони Панҷшанбе ва Шериддин Бобоев ба ҳадаф расониданд.

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа:

Даври 2-юм

18 январ (ҷумъа)

19:30 – Эрон – Кувейт

21:30 – Қатар – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

21 январ (душанбе)

19:30 – ТОҶИКИСТОН – Кувейт

21:30 – Қатар – Эрон

Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.