Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, аз рӯи натиҷаҳои он мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов медалҳои нуқраро соҳиб шуд. Тими ҷавонони Эрон ғолиби мусобиқа шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар давраи ниҳоӣ барои соҳиб шудан ба зинаи аввал ба футболбозони тоҷик танҳо ғалаба зарур буд, лекин вохӯрӣ бо тими Эрон мусовӣ - 1 бар 1 ба итмом расид.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари даври ниҳоӣ дастаи Ӯзбекистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард.

Аз рӯи натиҷаҳои Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Эрон бо касби 10 имтиёз зинаи аввал, мунтахаби Тоҷикистон бо 8 имтиёз ҷойи дуюм ва дастаи Ӯзбекистон бо 5 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маросими тантанавии пӯшидашавии мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалҳои дараҷаҳои дахлдор мукофотонида шуданд.

Ҷоизаи «Fair play» (“Бозии шаффоф”) ба тими Эрон тақдим гардид. Ба ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Шаҳром Самиев (4 тӯб) соҳиб шуд.  Дарвозабони мунтахаби Эрон Амир Ҳусейн Некпур, ки дар ин мусобиқа ба дарвозааш танҳо як тӯб ворид шудааст, ба ҷоизаи “Бозигари аз ҳама судманд” сазовор дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.