Аз 25 август то 1 сентябри соли равон дар Япония Чемпионати XXXIII ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор шуда, дар он гуштигири тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода иштирок мекунад.

Ширкати “Формула 55”, ки қаблан низ варзишгарро дастгирӣ намуда буд, бо Беҳрӯз Хоҷазода суҳбат орост.

Варзишгар дар бораи умеду интизориҳои худ аз иштирок дар ин мусобиқа изҳори назар намуда, омодагии худро дар яке аз тамринҳо нишон дод.

“Айни замон ҳадафи ман танҳо ғалаба аст. Медонам, ки дар ин мусобиқа варзишгарону ҳарифони маъруфу пурқувват иштирок мекунанд, лекин ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки пирӯзӣ насиби дастаи Тоҷикистон шавад”, - изҳор намудааст Беҳрӯз.

Мо ба Беҳрӯз танҳо пирӯзӣ орзу намуда, ба ӯ мухлисӣ мекунем.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Формула 55” аз иштироки Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дастгирӣ мекунад.

“Формула 55” - Мо варзишро шавқовару ҷолибтар мекунем...

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.