Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи “F” футболбозони тоҷик дар шаҳри Улан-Батор соҳибони майдон - дастаи Муғулистонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карданд.

Тӯби ягонаро дар дақиқаи 81-уми бозӣ футболбози тоҷик Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонид.

Дар дақиқаи 85-ум футболбози дастаи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов корти сурх гирифта, аз майдон берун шуд. Футболбозони дигари тоҷик Парвиз Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед Бекназаров ва Амирбек Ҷӯрабоев корти зард гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали ин мусобиқа дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода буд. Акнун бо касби 6 имтиёз пас аз ду бозӣ Тоҷикистон дар садри ҷадвали “F” қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.