Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир дастболо шуда, ба даври 1/8 финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Ҳарифи навбатии ӯ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медалҳои нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса аст, ки дар марҳилаи 1/16 финалӣ намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кан Хен Бинуро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб кард.

Қобили зикр аст, ки Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии даври аввал муштзани Украина Александ Железнякро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дод.

Мутаассифона, дар вазни то 81 кило намояндаи дигари Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев бо ҳисоби 2 бар 3 қувваозмоиро ба варзишгари Миср Абдураҳмон Арабӣ бохт. Шаббос акнун ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ омодагӣ мегирад.

Дигар намояндагони Тоҷикистон - Бахтовар Сагизов (вазни то 57 кило) ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кило) дар даври аввали мусобиқа бо ҳисоби якхелаи 0 бар 5 мутаносибан аз муштзанони Марокаш ва Мексика шикаст хӯрданд.

Ҳамин тариқ, аз 4 намояндаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон дар Екатеринбург танҳо як нафар мусобиқаро дар давраи 1/8 финалӣ идома медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.