Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дар меҳмонӣ бо ҳисоби 3:4 аз тими мунтахаби Мянма шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федереатсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ дар дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» бо ҳузури беш аз 7 ҳазор нафар мухлисон доир гардид. Аз тими Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ду тӯб ва Фарҳод Восеив як гол ба самар расониданд.

Бозии дигар дар ин гурӯҳ байни дастаҳои Қирғизистон ва Ҷопон дар Бишкек баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими Ҷопон анҷом пазируфт.

Ҳамин тариқ, баъд аз панҷ давр дар гурӯҳи «F» дастаи Ҷопон бо касби ҳамаи холҳои имконпазир – 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Тимҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ зинаҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. Дастаҳои Муғулистон ва Мянма се холӣ ба даст оварда, дар зинаҳои баъдӣ ҷойгир шудаанд.

Дар даври шашуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022  мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ 19-уми ноябр дар Бишкек соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 – ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.