Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар “Ҷоми рушд – 2020” дар Минск (Беларус) тими ҳамсолони худро аз Исландия (U-17) бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими наврасони то 16-солаи тоҷик бозии нахустини худро бо ғалаба оғоз карда, тӯбҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм 21-уми январ бо Исроил вомехӯрад. Бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдрас мекунем, 8 даста  дар “Ҷоми рушд – 2020” дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд ва дастаҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо барои дарёфти мақоми сеюми ин мусобиқа вомехӯранд. Ҳамчунин бозиҳо барои ҷойҳои панҷуму ҳафтум ҷараён мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.