Ёздаҳ нафар гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо, ки аз 21 то 23 феврал дар шаҳри Дюсселдорф (Олмон) доир мегардад, иштирок мекунанд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз инҳо иборат аст: Муҳаммадаюб Мирзозода, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳар ду дар вазни то 60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни то 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳар ду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Сиротулло Икромов (ҳар ду дар вазни то 90 кг), Саидҷалол Саидов, Хуршед Маҷидов (ҳар ду дар вазни то 100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни зиёда аз 100 кг).

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз аз 121 кишвари саросари дунё 793 нафар гӯштингирон ширкат меварзанд.

Мусобиқаи Дюсселдорф ба силсилаи Гран-Слам дохил мешавад, ки барои Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио мусобиқаи рейтингӣ (имтиёз гирифтан барои роҳхат) шуморида мешавад. Минбаъд чунин мусобиқаҳо дар шаҳрҳои Екатеринбург (моҳи март) ва Боку (моҳи май) баргузор мешаванд.

Рӯзҳои 8-9 феврал ба ин монанд мусобиқа дар шаҳри Порис доир гардид, ки Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг зинаҳои ҳафтумро ишғол намуда, рейтинги худро беҳтар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.