Бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои наврасон ва ҷавонони Тоҷикистону Эрон (U-16 ва U-19), ки аз 23 то 27 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардиданд, анҷом ёфтанд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ҳар ду бозӣ аз ҳамсолони эронии худ бо ҳисобҳои 0:1 ва 1:4 шикаст хӯрд.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввал бар тими ҷавононони Эрон бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, вохӯрии дуюм мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт.

Ба ин тариқ, дар чор бозӣ дар майдони худ бо тимҳои Эрон мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон 1 ғалаба ба даст оварда, як бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар ду бозии боқимонда ба шикаст дучор шуд.

Ёдрас мекунем, ки тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон баргузор мешаванд, иштирок мекунанд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавононамон бошад, дар Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.