Дар вохӯрии аввали худ дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар шаҳри Мински Беларус футболбозони тоҷик ҳамсолони худро аз Қазоқистон бо ҳисоби калони 7 бар 1 мағлуб карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрии даври дуюм футболбозони навраси тоҷик бо дастаи Молодова бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ рӯзи чоршанбе, 3 феврал соати 14:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.
Мусобиқаи анъанавии “Ҷоми рушд-2021” дар маҷмааи футболи Минск ҷараён дорад. Мусобиқа аз рӯи низоми даврагӣ дар як қисм баргузор шуда, ғолиб аз рӯи шумораи имтиёзҳои бештари касбкардааш муайян мегардад.
Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” байни наврасон дар Минск
Даври 1-ум
Қазоқистон (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:7
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷӯурабекзода, 89 (1:7).
31 январ. Минск. Манежи футбол.
Даври 2-юм
3 феврал (чоршанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН (U-17) – Молдова (U-17)
17:30 – Беларус (U-17) – Қазоқистон (U-17)
Даври 3-юм
6 феврал (шанбе)
14:00 – Молдова (U-17) – Қазоқистон (U-17)
17:30 – Беларус (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17).
Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.