Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мизбонони мусобиқаҳои мутамаркази марҳилаи дуюми мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022-ро эълон кард.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин бозиҳо дар давраи аз 31 май то 15 июн баргузор мешаванд.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозиҳои моҳи июни худро бо тимҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25 март мунтахаби футболи Тоҷикистон дар вохӯрии даври 7-уми марҳилаи дуюми Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи Муғулистонро ба ҳузур мепазирад.

Вохӯриҳои мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи марҳилаи давраи итихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли гузашта пешбинӣ гардида буданд, бар асари сирояти коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.