Сомон Маҳмадбеков, ҷудочии пуровозаи тоҷик имрӯз дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия барандаи медали нуқра шуд. 

Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқатҳо баъди се пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома дорад,  ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар даври финалӣ ӯ бо Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ,  қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 ва ғолиби Doha Masters 2021 рақобат кард, ки сабқатро бо як вазарӣ бохт.

Сомон дар вазни -73 дар дар даври аввал бар паҳлавони яманӣ, дар даври дувум бар паҳлавони неруманди эронӣ ва дар даври сеюм бар паҳлавони маъруфи қазоқ Смагулов пирӯз шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар Бишкек бо ширкати 500 варзишгар аз 30 давлати дунё сурат мегирад.

Аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ Устопириён ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар таърихи ҷудои кишвар тавонистааст, ки ду бор қаҳрамони Осиё шавад.

 Сомон Маҳмадбеков бо 2390 имтиёз айни ҳол дар садри ҷудокорони Тоҷикистон дар радабандии нави  ҷаҳон қарор дорад. 

Сомон Маҳмадбеков ҳамчунин аз Тоҷикистон ягона паҳлавонест, ки бо имтиёзи доштааш дар мақоми 17-уми имётиёздорони олимпӣ барои Бозиҳои Токио, дар 20-гонаи  ҷудокорони вазни -73 кг қарор дорад.

Сомон Маҳмадбеков ягона қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон дар таърихи ҷудои тоҷик аст. Ҳамчунин Сомон дар ҷудои тоҷик корномаҳои арзишманде дар сатҳи ҷаҳонӣ дорад.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.