Ду паҳлавони маъруфи тоҷики риштаи ҷудо Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро дар рақобатҳои Grand Slam 2022 дар шаҳри Алмадаи Португалия намояндагӣ мекунанд.

Дар инбораи Муҳаммадрозиқ Неъматов, муассиси гуруҳи фейсбукии “Tajik sport” хабар медиҳад

Дар соли 2022 ин нахустин мусобиқаи Федератсияи ҷудои ҷаҳон мебошад, ки  дар назар аст, рӯзҳои 28-30-уми январ баргузор шавад.

Ҳар ду паҳлавон мисли собиқ: Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг ва Сомон Маҳмадбеков -73кг ҳунарнамойӣ мекунанд.

Соли 2022 ҳамчунин ширкати паҳлавонони ришати ҷудои кишвар, дар сабқатҳои Paris Grand Slam 2022 – 5-6-уми феврал,  Tel Aviv Grand Slam 2022 – 17-19-уми феврал, Tbilisi Grand Slam 2022 – 25-27-уми март, Antalya Grand Slam 2022 – 1-3-юми апрел, Kazan Grand Slam 2022 – 20-22-юми май, Dusseldorf Grand Slam 2022 – 4-6-уми июн, Ulaanbaatar Grand Slam 2022 – 24 -26-уми июн дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.