Имрӯз дар Душанбе мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола (U-20) дар гурӯҳи «I» оғоз мегардад.
Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, ба гурӯҳи «I» мунтахабҳои Тоҷикистон, Сингапур, Лубнон ва Камбоҷа шомиланд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар нишасти матбуотии пеш аз оғози мусобиқот изҳор намудааст, ки даста ба мусобиқа омода буда, ҳамаи бозингарони пурқувватамонро ҷамъ омаданд.
“Вазифаи мо роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон аст, - иброз доштааст ӯ. - Боварӣ дорем, ки бачаҳо аз уҳдаи он мебароянд”.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ меёбанд.
Гуфта мешавад, ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.

Ҷадвали бозиҳо:
Даври 1-ум
14 сентябр (чоршанбе)
17:00 –Камбоҷа –Лубнон
20:00 –ТОҶИКИСТОН –Сингапур
Даври 2-юм
16 сентябр (ҷумъа)
17:00 – Сингапур – Камбоҷа
20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
18 сентябр (якшанбе)
17:00 – Лубнон – Сингапур
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа
... /// ...
Театрленд или "Фабрика грез". Не поверите, но это всё о Душанбе
Торнадо в Миссисипи смел с лица земли целый город
В Туркменистане намерены создать зоны для размещения людей в случае землетрясения
Что означает визит делегации талибов в ГБАО?
В Германии проходит самая масштабная за 30 лет забастовка железнодорожников и авиаперевозчиков
В новом парламенте Казахстана 69 депутатов, из которых 40 мест у партии Amanat
В Таджикистане на этой неделе ожидаются дожди
Талибы обвинили таджикистанцев в причастности к убийству губернатора Балха
В Узбекистане криминализируют домашнее насилие. А в Таджикистане?
В Таджикистане на строительство малых станций с «зеленой энергией» направят 150 миллионов долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста