Дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) тими миллии Тоҷикистон бо касби 1202.54 имтиёз дар зинаи 106 қарор дорад. ФИФА радабандии нави мунтахабҳои ҷаҳонро нашр кард.
Дар феҳристи қаблӣ Тоҷикистон бо касби 1203.08 зинаи 104-умро ишғол мекард.
Футболбозони тоҷик дар моҳи июн ду рақобат баргузор карда, дар бозии дӯстона муқобили Камбоҷа бо натиҷаи 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд ва вохӯрии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё бо Филиппинро бо ҳисоби 2:2 мусовӣ ба анҷом расонданд.
Байни дастаҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо касби 1449.12 пешсаф буда, аз мавқеи қаблии худ ду зина боло рафтааст ва дар зинаи 55-ум қарор дорад. Қирғизистон бо 1208.57 дар зинаи 104, Қазоқистон бо 1165.49 дар зинаи 114 ва Туркманистон бо 1092.4 имтиёз дар зинаи 140-ум мавқеъ дорад.
Пешсафи радабандӣ мунтахаби Аргентина боқӣ монда, 1885.36 имтиёз касб кардааст ва қаҳрамони феълии ҷаҳон аст. Дар ҷойи дуюм Испания ва дар зинаи сеюм Фаронса қарор дорад.

Дастаҳои мунтахаби Бразилия, Португалия, Нидерланд, Белгия, Олмон ва Хорватия ба даҳгонаи аввали ин феҳрист шомиланд.
Дар радабандии ФИФА ҳамагӣ 210 даста зикр шудааст. Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ бошад, Тоҷикистон баъд аз Украина (26-ум), Русия (35-ум), Ӯзбекистон (55-ум), Гурҷистон (67-ум), Беларус (97-ум), Қирғизистон (104-ум) ва Арманистон (105-ум) дар ҷойи 8-ум қарор дорад.
Инчунин давтаҳои мунтахаби Қазоқистон (114-ум), Озарбойҷон (122-юм), Эстония (126-ум), Латвия (137-ум), Туркманистон (140-ум), Литва (143-юм) ва Молдова (154-ум) дар сафи охири радабандӣ байни ин кишварҳоянд.
Бояд гуфт, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи феврали соли 2024 ба қайд гирифта шудааст, ки зинаи 99-умро ишғол мекард. Ин дастовард пас аз бозии муваффақона дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар ба даст омадааст. Нишондиҳандаи дуюми беҳтарини Тоҷикистон зинаи 106-ум буда, ба моҳи июли соли 2013 рост меояд. Он сол мунтахаб тавонист 40 зина боло равад.
Пасттарин мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА бошад, соли 2003 ба қайд гирифта шуда, зинаи 180-умро ишғол мекард. Ҳамзамон, пасттарин нишондиҳандаи миёнаи солона ба соли 2002 рост меояд, ки дар он сол Тоҷикистон миёни 207 даста зинаи 168-умро ишғол мекард.





Сомони под давлением: как изменились курсы валют после начала войны в Иране
В Таджикистане сменился детский омбудсмен
Как чувствует себя старейшая женщина Таджикистана?
«Шоди Идона»: вкусные традиции Рамадана и подарок для семейного стола
ВИЧ без дефицита: Таджикистан переходит на самообеспечение препаратами для лечения инфекции
Можно ли девушкам поступить в Исламский институт Таджикистана?
Таджикский боец подписал контракт с ONE Championship
Александр Лукашенко позвал "трудолюбивых" жителей Узбекистана в Беларусь вместе с семьями
Жужанна Харгитай: Малый бизнес - ключ к созданию рабочих мест
Фаридун Одилов вызывает на бой Даурена Ермекова: старое противостояние может продолжиться
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста