Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

            Дар қарори дахлдори президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус гуфта мешавад, ки лоиҳаи нави қонуни мазкур бо назардошти талаботи муосири идоракунии давлатӣ ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

            Лоиҳаи қонун аз 7 фасл ва 28 модда иборат аст. Дар он мақоми забони давлатӣ ҳамчун забони фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, додгоҳӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар созмону ташкилотҳо таҷассум ёфтааст.

            Аз ҷумла, тибқи моддаи 13 ва 20-и лоиҳаи қонуни мазкур, аз ин ба баъд тамоми навъи реклама, эълонҳо, нархномаҳо, лавҳаву шиор ва дигар иттилооти муоинашаванда бо забони тоҷикӣ дарҷ хоҳанд шуд.

            Гуфтушунид ва мукотиба бо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавии муқими Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ва забони расмии ин намояндагиҳову созмонҳо сурат хоҳанд гирифт. Дар сурати зарурат дар гуфтушунид ва мукотиба истифодаи дигар забонҳо маҳдуд карда нашудааст.

            Мувофиқи муқаррароти лоиҳаи қонуни нав, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба донистани забони давлатӣ ӯҳдадор мешавад. Лоиҳаи қонун истифодаи забонҳо дар муносиботи шахсиро танзим намесозад.