Ягон нафар аз пайвандони зиндониёне, ки дар пайи ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3-и Хуҷанд кушта шуданд, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накардаанд.
Ин нуктаро Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, имрӯз, 31 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи “шикоят кардан ё накардани пайвандони зиндониёни дар маҳбаси Хуҷанд кушташуда” иброз дошт.
“Ҳоло дар муассисаи ислоҳотии №3/3-и Хуҷанд тафтишот идома дорад ва мо наметавонем ба кори онҳо дахолат кунем. То имрӯз ягон нафар аз пайвандони маҳбусони кушташуда ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накардааст. Аммо пас аз анҷоми тафтишот, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ин муассисаи ислоҳотӣ боздид менамоянд ва бо шарту шароити будубоши зиндониён дар он ҷо шинос мешаванд. Мо як барномаи мониторингӣ дорем ва дар доираи он, якҷо бо намояндагони эътилофи зидди шиканҷаи созмонҳои ҷамъиятӣ аз муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ дидан мекунем. Дар доираи татбиқи ин барнома, боздид аз муассисаи ислоҳотии №3/3-и Хуҷанд низ дар назар аст”,- гуфт Зариф Ализода.
Ёдрас мекунем, ки шаби 8 ноябр дар муассисаи ислоҳотии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад, ки баъдан мақомот онро кӯшиши фирори маҳбусон унвон карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи маълумоте, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд. Ҳамчунин, ба иттилои вазири корҳои хориҷӣ ду корманди муассиса низ кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
Дар пайи ин исён, Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз мақом барканор шуд ва ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров, собиқ муовини аввали раиси КДАМ таъйин гардид.
Ҳоло тафтишот дар ин муассисаи ислоҳотӣ идома дорад ва тибқи маълумотҳои ахир, то имрӯз нисбати ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 февраля 2023 года
Землетрясение в Турции стало самым сильным за 80 последних лет. Вот как выглядят его последствия
МИД Казахстана отреагировал на вызов казахстанского СМИ в российский суд
В Таджикистане с 1 марта повысят зарплату военным и силовикам
Эмомали Рахмон направил телеграммы соболезнования президентам Турции и Сирии
В Турции зафиксировали новое сильное землетрясение
"ПамирЭнерджи" объявляет тендер на строительство ЛЭП
Посольство Таджикистана в Турции активировало горячую линию
В «Таджикматлубот» сообщили, когда в Таджикистане перестанет дорожать лук
В результате землетрясения в Турции и Сирии погибли более 1200 человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста