Қурбон Ҳакимзода, раиси нави вилояти Хатлон роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба бунёди иншоотҳои гуногун аз ҳисоби худ даъват кард.

- Ҳамаи мо талош мекунем дар ободонии кишвар саҳм гузорем. Аммо ҳар яки мо дар алоҳидагӣ чӣ кореро анҷом додем? Агар худи мо пешсаф набошем, дигаронро раҳнамоӣ карда наметавонем. Аз ин сабаб, ҳар як раиси вилоят бояд аз ҳисоби худ иншооте бунёд кунад. Шарт нест, ки он калон ва гарон бошад. Муҳим гӯшаеро бояд обод кунам, - иброз дошт Қурбон Ҳакимзода.

Ҳарчанд Қурбон Ҳакимзода мушаххас нагуфт, ки худ чӣ месозад, аммо ба хабарнигори “Азия - Плюс” муяссар гардид, ки аз 11 раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  пурсад: аз ҳисоби худ чӣ месозед?

Маҳмадюнус Сайфиддинзода, раиси ноҳияи Панҷ аз камтарин мансабдороне буд, ки дар мавриди нақшаҳояш озод ва муфассал нақл намуд.

Маҳмадюнус Сайфиддинзода, раиси ноҳияи Панҷ
Сурат: Asia-Plus

- Ман бо бародарон ва наздиконам тасмим гирифтем, ки кохи фарҳанги ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабутро азнавсозӣ кунем. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, барои азнавсозии иншоот наздики 10 миллион сомонӣ лозим аст. Солҳои зиёд модарам роҳбари ин муассиса буданд. Аз ин сабаб, мо омодаем онро пурра бозсозӣ намоем,- гуфт Маҳмадюнус Сайфиддинзода.

Дар баробари ин, М. Сайфиддинзода гуфт, нақша дорад, ки ба маблағи 1 млн. сомонӣ гармхона ва инчунин, сардхона ва як корхонаи консервабарорӣ низ бунёд намояд.

Бояд гуфт, ки Маҳмадюнус Сайфиддинзода фарзанди яке аз раисони номдори колхози “Правда”, вакили шӯрои олии Тоҷикистон - Сайфиддин Кабут аст.

Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун иқрор шуд, ки то имрӯз оид ба ин масъала тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун
Сурат: Asia-Plus

- Оид ба ин масъала ҳоло фикр накардаам, аммо акнун метавонам гӯям, ки чанд маоши худро ба таъмири майдони марказии ноҳия медиҳам, - гуфт ӯ.

Ӯ ҳамон лаҳза ба сармуҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастур дод, ки маоши ӯро барои азнавсозии майдони марказии ноҳия равона созад.

Ҷаббори Ғафор, раиси ноҳияи Кӯшониён тасмим гирифтааст бо наздиконаш роҳи маҳаллиро дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни ин ноҳия таъмир намояд, як нуқтаи таъмини гази моеъ ва ҳамом созад. Аммо Ҷаббори Ғафор нагуфт, ки барои ин кор чӣ қадар маблағ сарф мешавад.

Раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур гуфт, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия бунгоҳи тиббӣ ва бо кӯмаки бародаронаш, дар яке аз мактабҳои зодгоҳаш - ноҳияи Кӯшониён ду синфхонаи иловагӣ месозад. Амирбеки Темур гуфт, ки пас аз анҷоми сохтмон маблағи дақиқи сарфкардаашро ошкор хоҳад кард.

Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз дошт, ки оилаи онҳо калон аст ва онҳо метавонанд чанд корхона созанд.

Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Сурат: Asia-Plus

- Мо чанд корхона месозем ва садҳо сокинони ноҳияро бо ҷойи кор таъмин мекунем,- гуфт ӯ.

Ӯ низ ваъда дод, ки баъди ба истифода додани корхонаҳо хабарнигоронро даъват карда, дар бораи ҳаҷми маблағи сарфкардааш маълумот медиҳад.

Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён изҳор дошт, ки якҷо бо наздиконашон роҳи маҳаллии деҳаи “Файзулоев”- ро таъмир намуда, кӯчаҳои ин деҳаро чароғон мекунанд.

Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён
Сурат: Asia-Plus

Рамазон Оймаҳмадзода, раиси ноҳияи Шаҳритус тасмим гирифтааст 500 метр роҳрави боғи ноҳияро аз ҳисоби худ сафолчинӣ кунад.

Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нуриддин Садриддинзода меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва як синфхона дар мактаби № 46 -и ноҳия месозад.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон ваъда дод, ки дар маркази ноҳияи Хуросон маркази хизматарсонии сеошёна бунёд мекунад.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода мушаххасан нагуфт, ки чӣ месозад, танҳо иброз намуд, ки дар корҳои ободонӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолият, саҳм мегузорад.

Нурмуҳаммад Саидзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ
Сурат: Asia-Plus

Абдуҷаббор Баҳодурзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бошад, ягона раисе буд, ки ошкор иброз намуд: барои аз ҳисоби худ сохтани ин ё он иншоот имкон надорад. Ӯ гуфт, ки дар рушди ноҳия саҳми худро мегузорад.

Дар як соли охир бунёди иншоотҳои гуногун аз ҷониби мансабдорони Тоҷикистон бештар гардид. “Азия – Плюс” чанде пеш дар бораи панҷ мансабдори давлатие, ки аз ҳисоби худ иншоотҳои гуногун бунёд кардаанд, матлаби алоҳида нашр карда, аз раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон, сарвазир Қоҳир Расулзода, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ном гирифта буд.