Дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дидбонгоҳи сарҳадии Оқултун сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Имрӯз дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи мазкур муовини қумандони Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Абдусаттор Шоҳиён ва кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Гинкел ширкат варзиданд.

Лоиҳаи сохтмон ба маблағи 900 ҳазор доллари ИМА аз тарафи Дафтари ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон таъмин ва амалӣ карда шуд. Иншооти мазкур иқтидори Қушунҳои сарҳадиро дар назорати доимии марзи муштарак бо Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъмин мекунад.

Он қобилияти марзбононро дар назорат ва пешгирии сарҳадшиканиҳои ғайриқонунӣ ба масоҳати тақрибан 15-20 км якчанд маротиба афзуда, муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла, қочоқбарони маводи мухаддир ва тундравони ҷангҷӯро боз ҳам қавитар мекунад.

Акс аз торнамои tj.usembassy.gov

Бо кумаки Сафорати ИМА сохтмон ва таъмири 9 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 2 отряд дар марзи Точикистону Афғонистон анҷом дода шуд. Мақсад аз он таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати ИМА аз соли 2005 инҷониб барои тақвияти марзи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 100 млн. доллар кумак пешниҳод кардааст.

Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон тӯли 27 сол боз ҳамкорӣ дошта, барои рушд ва кумак беш аз 1,8 миллиард доллари ИМА-ро тариқи барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, институтҳои демократӣ ва амният пешниҳод кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.