Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хушунат нисбат ба занон нигарон буда, солҳост, ки барои барҳам додани ин зуҳуроти номатлуб талош мекунад. Аммо зӯроварӣ ва таҳқири занон аз мушкилоти ҳалталаб дар миқёси олам боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар 11 сония дар олам як зан мавриди озору хушунат қарор мегирад. Тибқи иттилои Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, ҳамасола дар Тоҷикистон аз зӯроварӣ ҳудуди 400 зан даст ба худкушӣ мезананд.

Имрӯз барои ҳимояи ҳуқуқи занон ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ фаъолият мекунанд. Яке аз онҳо Маркази занони “Гулрухсор” аст, ки соли 1996 бо дастгирии Ассотсиатсия миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил шудааст. Он созмонест, ки барои ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ паноҳгоҳи муваққатӣ пешниҳод мекунад.

Дар ҷараёни “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон”, ки ҳамасола дар ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр гузаронида мешавад, бо Гулрухсор Абдуллоева, сарвари ТҶ Маркази занони “Гулрухсор” мусоҳиба кардем.

Дар акс Гулрухсор Абдуллоева, сарвари ТҶ Маркази занони “Гулрухсор”

- Мақсаду вазифаи асосии марказ расонидани ёрии равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба занони ҷабрдидаи зӯроварӣ ва дар ҳолати буҳронӣ қарордошта мебошад. Ташкилот ҳамчун маркази буҳронӣ ва паноҳгоҳи муваққатӣ баҳри амалисозии Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” фаъолият мекунад. Мо дар давоми 23 сол ба занону аъзои оилаи онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод мекунем, ки ба воситаи телефони боварӣ ва мусоҳибаҳои рӯ ба рӯ ба таври махфӣ ва ройгон сурат мепазирад.

- Дар як сол ба маркази Шумо чанд нафар занони ҷабрдида муроҷиат мекунанд?

- Ҳар сол ба марказ зиёда аз 1500 муроҷиат ворид мешавад. Занон бо масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ муроҷиат мекунанд. Дар давоми соли 2018 ҳамагӣ 1703 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор тариқи телефони боварӣ – 441 муроҷиат, мусоҳибаи рӯ ба рӯ – 1187 муроҷиат, машварати оилавӣ – 11 муроҷиат ва машварати сайёр – 11 муроҷиатро дар бар мегирад. Инчунин 63 муроҷиат барои таъмини паноҳгоҳи муваққатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми 9-моҳи соли равон 1240 муроҷиат ворид гардид. Аз ҷумла, тариқи телефони боварӣ – 285, мусоҳибаи рӯ ба рӯ – 917, машварати оилавӣ – 7, машварати сайёр – 6 муроҷиат ва таъмин кардан бо паногоҳи муваққатӣ – 25 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст.

- Кадом шаклҳои озор (латукӯб, таҷовуз, фишори равонӣ ва ғайра) дар оилаҳо бештар аст ва аз ҷониби киҳо ба вуҷуд меоянд?

- Бештари заноне, ки ба марказ муроҷиат мекунанд, аз тарафи шавҳар ва хушдоман дучори таҳқиру зӯроварӣ мешаванд. Онҳо бо масъалаҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Ҳолатҳои латукӯб ва таҷовуз ҳам вуҷуд доранд, ки ин шаклҳои зӯроварӣ бештар аз тарафи шавҳар нисбат ба зан рух додааст.

Дар давоми 9 моҳи сипаришуда 2 ҳолати таҷовуз низ ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз ҷониби падар нисбат ба духтари болиғ ва дигаре аз тарафи бобо нисбат ба набераи ноболиғ сурат пазируфтааст. Аз рӯйи ин ҳодисаҳо бобои таҷовузгар ба муҳлати 5 сол зиндонӣ шуда, он падар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар паноҳгоҳи муваққатии Маркази занони “Гулрухсор” ҷабрдидагон метавонанд давоми 14 шабонарӯз бо кӯдакони худ ҷойгир шаванд. Онҳо бо хӯроки гарм таъмин шуда, аз рӯйи барномаи инфиродӣ давраи барқароршавии равониро мегузаранд. Ба онҳо кумаки иҷтимоӣ барои дарёфти ҷойи кору зист ва машварати ҳуқуқӣ (таҳияи ҳуҷҷатҳо, аризаи даъвогӣ, дархостнома, мактуб ва ғайра) расонида мешавад.


- Занон нисбат ба солҳои қаблӣ то кадом андоза ҳуқуқи худро медонанд ва аз он ҳимоя карда метавонанд?

- Занон аз ҳуқуқи худ огоҳанд, вале аз ҷиҳати равонӣ онҳо омода нестанд, яъне то охирин фурсат хушунатро таҳаммул мекунанд. Мо асосан дар бораи пешгирии зӯроварӣ ҳарф мезанем ва таъкид мекунем, ки занон ба хушунат роҳ надиҳанд. Аммо вақте ба мо муроҷиат мекунанд, аллакай зӯроварӣ нисбат ба онҳо содир шудааст.

- Оё ба маркази “Гулрухсор” духтароне, ки бо хости волидон маҷбуран оиладор шудаанд, муроҷиат мекунанд?

- Дар таҷриба чунин духтарон ҳам ба маркази мо муроҷиат кардаанд. Равоншиносони марказ бо онҳо суҳбатҳо мегузаронанд. Баъд аз муроҷиати духтарон мо ба прокуратура ва Кумитаи кор бо занон ва оила ариза пешниҳод мекунем, то барои ҳалли мушкили ин духтарон мусоидат намоянд. Бо волидони духтарон машваратҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида мешавад, ки баъдан аз карда пушаймон мегарданд. Мо умедворем, ки ҳеҷ як зан бо хушунат рӯ ба рӯ намешавад.

25-уми ноябр дар ҷаҳон “Рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбат ба занон” қайд мешавад. Моҳи июли соли 2012 Созмони Милали Муттаҳид ранги норинҷиро чун рамзи мубориза бар зидди зӯроварӣ эълон карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.