Назаре ба рӯзгору осори мондагори арбоби сиёсиву давлатӣ, таърихнигори бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров.

Ӯ дар 10 соли роҳбарии кишвар хидмате кард, ки роҳбарони дигар дар солҳои тӯлонӣ анҷом дода натавонистанд. Номаш ва ҳукуматаш аслан бо фасоду ришва олуда нашуд. Чеҳраҳои дурахшони сиёсат ва илму адаб аз ҳамнишинону мушовирони беминнати ӯ будаанд.

Чун аз марзи Иттиҳоди Шӯравӣ берун мешуд, тоқии тоҷикиро ба сар мегузошт ва дар авҷи сиёсати миллизудоӣ ба решаву асолати худ меболид.

Бобоҷон Ғафуров cаду понздаҳ сол муқаддам, 31-уми декабри соли 1908 дида бар ҷаҳон кушод.

Тафсилоти бештар перомуни рӯзгору осори мавсуфро дар мақолаи доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон бо пахши нишонии интернетии зерин мутолиа карда метавонед:

👉 https://asiaplustj.tilda.ws/tojikon

 

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКОН – БОБОҶОН ҒАФУРОВ

 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.