Кормандони милитсия сокини 37-солаи шаҳри Хуҷандро барои дидаву дониста бо мошин пахш кардани ҳамсари собиқ ва писараш бозошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, наздикиҳои шоми рӯзи 17-уми март боздоштшуда дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо собиқ ҳамсараш зани 34-сола ва писари ноболиғи 15-солааш вохӯрда, аз сабаби муноқишаи рухдода онҳоро бо мошини шахсии тамғаи “Опел-Вектра” қасдан пахш кардааст.

“Дар натиҷа ҳамсари собиқаш аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар беморхона ба ҳалокат расида, писари ноболиғаш бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст”, - омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, нисбат ба марди боздоштшуда мутобиқи моддаи 110, қ.3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар сурати гунаҳкор эътироф шудан, ба ӯ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.