Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки то соати 17:30 дақиқаи 7-уми май 461 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, дар умум 12 кас бар асари он фавтидаанд.

То имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 зери назорати табибон қарор доштанд. Дар як шабонарӯзи охир 345 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

“Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя кунанд. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст”, - навиштааст вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.